11.12.2025 / МАРДЕ ШОИСТА ВА ЗИЁИЕ ИСТИСНОӢ, Ё ДОСТОНИ ҒАМУ ШОДӢ

Солҳои навадум барои муҳтаво ва мундариҷаи тафаккури миллии тоҷикон имтиҳони бузург буд.
Вазъи буҳронии саросарии давлат, ки дар он як миллат аксариятро ташкил медиҳад, мавзуи таҳқиқоти академӣ аст. Ба хотири муайян кардани омилҳо, оқибатҳои фоҷиабарангез ва эҳтимоли минбаъд бартараф кардани он.
Дар ин маврид бояд дар назар дошт, ки ҳолати носолими вазъи ҷаҳонбинӣ, маънавиёти миллат касалии силро мемонад: дар аввал ошкор кардани он душвор, аммо чун муайян шуд, табобаташ осон аст. Вақте ин касалӣ рӯй зад, ошкор шуданаш осон, аммо табобати он мушкил мегардад. Гоҳо оқибати кор ба мусибат анҷом меёбад.
Муддати ҳазор соли бедавлатӣ, тоҷикон дар ҳолати ғуломигарии воқеӣ ва маънавӣ қарор доштанд.
Дар ҳафтод соли Ҳокимияти Шуравӣ, номи тоҷик тавассути ҷумҳурии мустақил доштан бо аломатҳои сиёсӣ маъруфият пайдо карда бошад ҳам, ба хотири кӯтоҳии замонӣ имкони ташаккули мафкураи миллиро надошт. Қишри муайяни дорои эҳсоси худшиносии миллӣ дар ақаллият буд.
Бояд донист, ки сохтор ва муҳтавои генетикии одамизод дар аксар вақт, ҳатто садсолаҳо бетағйир мемонад. Эволютсияи ҳақиқии захираи муҳтавоии нейронҳо, устувортарин ҷузъи организми инсонанд. Гарчанде аккамулятсияи дониш ва таҷриба асрҳо ба ин ҷузъиёти майнаи инсон таъсиргузоранд, бояд дониста бошем, ки доираи фарогирии онон вобаста ба муҳити маънавӣ, дин, оин, иқлим, хосияти физиологӣ, дар маҷмуъ, генетикӣ, фазилати ҳамагонӣ надорад. Интихобӣ аст. Ва барои ҳамин дар ақаллият қарор дорад.
Дар ин маврид, сухан дар бораи сифат, мундариҷа, ахиран, муҳтавои ақаллият меравад. Оё он метавонад аксариятро, яъне ҷомеаро соҳибӣ кунад. Ё баръакс, мисли баъзе ба ном зиёиёни муайяни тоҷики солҳои навадум думрави таассубу хурофот гардад.
Ин фоҷиа, «сӯзи дил, ашки равон, оҳи саҳар, нолаи шаб»-ро (Ҳофиз) буҳрони солҳои навадуми асри гузашта рӯйи саҳна баровард. Ворисони Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ Сино, Носири Хусрав, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Тошхӯҷаи Асирӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода ва Бобоҷон Ғафуров дар танҳоӣ монданд. Аз дасти онҳо кори шоиста наомад. Қисмати муайяни олимон, ки солҳо дар бағал санг доштанд, бо аҳли хурофот якҷо, аниқтараш думрав ва балегӯйи онон гаштанд.
Дар байни ин тоифа шахсиятҳои гуногун буданд. Яке сидқан, бо душманигарии яқин ба сохти Ҳокимияти Шуроҳо ба муллоҳои мутаассиб якҷо шуд. Дигарҳо дар ақидаи ниҳоии мансабталошӣ муътақид буданд, ки ифротиҳо бо идеологияи дар назар ҳамашумул ва пуштибонии геополитикӣ метавонанд қудратро ба даст оранд. Бад ин минвол, соҳибмансаб мегарданд. Узви қудрати сиёсӣ хоҳанд шуд. Як қисмати равшанигароён олимони ҳақиқӣ, аммо аз лиҳози сиёсӣ ниҳоят сода ва барои ҳамин ҳам осебпазир буданд.
Онҳо дар андак муддат, чун дуди хона ба порисаи хона расид, хатои худро фаҳмиданд. Пушаймон шуданд. Аммо аз рӯйи нангу номусе, ки хосси ин зумра буд, натавонистанд ваҳшати раҳгумии худро эълом доранд. Ба зиндагии одӣ ва оини пешин баргарданд. Дар ҳоле ки «тозиёни бо онҳо бударо дигар ғами аҳволи гаронборон намонда буд».
Яке аз ҳамин қабил олимон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Раҳими Мусулмониён ба шумор мерафт.
Ман ба тадқиқоти ин олими пухтакор аввали солҳои ҳафтодум, ҳангоми донишҷӯйӣ шинос будам.
Махсусан, монографияи ӯ оид ба санъатҳои бадеӣ дар адабиёти классикӣ ва асари машҳураш «Атоулло Маҳмуди Ҳусайнӣ ва баъзе масъалаҳои тафсири истилоҳоти адабиётшиносӣ дар асрҳои X–XV» (1973), дар байни мо, донишҷӯён аз маъруфияти хос бархӯрдор буд.
Миёнаи солҳои ҳаштодум, замоне ки ман сарпарастии мактабҳои олии мамлакатро аз лиҳози салоҳияти хизматӣ ба дӯш доштам, бо меҳру муҳаббате, ки ба Раҳими Мусулмониён дар дил мепарваридам, ӯро суроғ кардам. Дар кафедраи адабиёти советии тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон эшонро ёфтам.
Худро шиносондам.
Эътиқод ва эҳтироми хешро нисбат ба ин шахсияти бузург иброз намудам.
Баъдан, чанд муддат бо Раҳими Мусулмониён суҳбатҳои сарироҳӣ, аммо сидқӣ доштем.
Ӯ марди тахмин 50 - 55 сола, миёнақад, лоғарандом буд. Каме моил ба хамидагии қомат дошт. Ниҳоят хоксор, одӣ, суҳбаторо ва он чизе, ки эҳсос мекардам, аз худ як навъ содагии бар дилсофӣ ва покии инсонӣ асосёфта нишон медод, ки дар замири ӯ ҷойгоҳи зудбовариро заминагузорӣ намуда буд.
Профессор намегуфт, аммо ман итминон доштам, ки мисли ҳама инсонҳои пок ӯ дигаронро низ бофта аз матои худ гумон мекард. Иштибоҳи ӯро ҳам асос ҳамин буд.
Мусулмониёни сарсупурдаи илм ва адабиёт, ҳама вақт дар банди хаёлот ва таҳқиқоти эҷоди илмӣ мегашт. Чунин хислати олимона, бекина ва беғарази ӯ меҳру муҳаббати маро нисбат ба ин шахсият ва устоди камназир меафзуд. Бо ӯ суҳбат кардан, маънии хондани як китобро дошт.
Ҳангоми табаддулоти давлатии ифротгароҳо (моҳи майи соли 1992), Мусулмониён зери таъсири бархе аз зиёиёни воқеан дурӯя ва ғаразкор, ки боз чандин навъ бозиҳои пасипардагӣ доштанд, бо як содадилӣ гирифтори фитнаи онҳо шуд.
Боре баромади ӯро тариқи телевизон, ки акнун ба дасти ифротгароҳо афтода буд, тамошо ва бодиққат гӯш кардам. Медидам, ки чанде «ҳамкасбон»-и зираки муаллим худро паси шонаҳои ин содадил пинҳон карда, устоди номварро ба сифати «Плешнер» (образи бадеии содадилонаи профессори олмонӣ дар филми «Ҳафтдаҳ лаҳзаи баҳор», ки боиси марги худи ӯ шуда буд) истифода мекунанд.
Чун таҳти фишори Ҷабҳаи халқӣ ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор мегардид, ифротиёни ғосиб бо ҳар роҳу восита аз қаламрави Тоҷикистон ба хориҷа, аниқтараш ба Эрон фирор карданд.
Исломгароҳо аз асли мақсади гурехтан ба Эрон хуб огоҳ буданд.
Зиёиёни тоҷик, аз рӯйи эҳсоси эроният – таърих ва фарҳанги муштарак, умумияти забонӣ ва тамаддунӣ, ки намунаи олии он барои мардуми форсизабон аҳаммияти умуминажодӣ доштани Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигар бузургон маҳсуб мегардид, умед баста буданд ва ин кишварро қиблаи худ мешумориданд.
Маҳз бо ҳамин ҳиссиёт як зумра аз зиёиён роҳи Эронро пеш гирифтанд.
Раҳими Мусулмониён аз ҷумлаи ҳамин гумроҳҳо буд.
ДАВОМ ДОРАД!