11.12.2025 / БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ ДАР МАШВАРАТИ КОРИИ РАИСИ НОҲИЯИ НУРОБОД

Санаи 09 декабри соли 2025 таҳти раёсати раиси ноҳияи Нуробод, Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен, машварати корӣ баргузор гардид. Дар он муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту идораҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар ҷараёни машварат масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳкими фаъолияти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иқтисодиёт ва кишоварзӣ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Муовини раиси ноҳия, Ғаффорзода Исломуддин, ҳисоботи муфассал оид ба зимистонгузаронӣ пешниҳод намуд. Дар ин самт таъмини муассисаҳои иҷтимоӣ ва тиббӣ бо маводи сӯзишворӣ ва гармидиҳӣ, таъмири роҳҳо ва омодасозии нақлиёт барои давраи барфу сармо, ҳамчунин назорати саривақтии корҳои зимистонгузаронӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Ҳамзамон, ба самаранок истифода бурдани неруи барқ аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, масъулон вазифадор гардиданд чорабиниҳои самараноки сарфаи неруи барқ, пардохти саривақтии қувваи барқ, корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва истифодаи мақсадноки неруи барқро амалӣ намоянд.
Дар машварат ҳамчунин иҷрои нақшаҳои ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, истифодаи самараноки захираҳои обу замин, таъмири роҳҳо, беҳсозии инфрасохтор ва муассисаҳои иҷтимоӣ муҳокима гардид.
Инчунин кишти тирамоҳӣ, барқарорсозии заминҳои бекорхобида, ташкили озмунҳои зеҳнӣ ва маърифатӣ миёни хонандагону ҷавонон, мулоқоту вохӯриҳо бо сокинон ва ташкил кардани чорабиниҳои дарпешистода бо ҷиҳати амалигардонии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси ноҳия таъкид намуд, ки тамоми муассисаҳо ва масъулон бояд ҷиддӣ ва саривақт барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз қабили «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Шоҳномахонӣ» омодагӣ бинанд.
Ҳамзамон масъулон муваззаф гардиданд, ки дар самти баланд бардоштани сифати таҳсил, касбомӯзии занону ҷавонон, беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ ва рушди ҳаёти маънавии ҷомеа тадбирҳои амалӣ андешанд.