Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

25.11.2025 / Таҷлили бошукӯҳи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод



       Имрӯз бо иштироки раиси ноҳия Солешзода Фатҳуддин Ҳусен, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту корхонаҳо ва ҷавонону варзишгарон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказии ноҳия бо парчам ва шиору овезаҳои тараннумгари Истиқлол, ваҳдати миллӣ ва ободии Ватан роҳпаймоӣ баргузор намуданд. Роҳпаймоӣ аз даромадгоҳи маркази ноҳия оғоз гардида то назди Боғи фарҳангию фароғатии шаҳраки Дарбанд идома ёфт ва дар ин ҷо ҳамоиши идонаи роҳпаймоӣ бахшида ба ин санаи муборак ҷамъбаст гардид.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод