17.11.2025 / КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ–НАЗАРИЯВӢ «33-СОЛИ СОЗАНДАГӢ БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ»

15 ноябри соли 2025 дар толори МТМУ №14-и шаҳраки Дарбанд бо ташаббуси шуъбаи маориф ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Нуробод бахшида ба 33-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Конференсияро Бухоризода Наврӯзшоҳ ифтитоҳ намуда, аҳаммияти таърихӣ ва нақши сарнавиштсози Иҷлосияи XVI-ро дар таҳкими давлатдории миллӣ ва интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард.
Дар кори ҳамоиш роҳбарони сохторҳои соҳавӣ, омӯзгорон ва хонандагон иштирок намуда, маърӯзаҳо дар мавзуъҳои Рӯзи Президент, аҳаммияти Иҷлосияи XVI ва нақши он дар ваҳдати миллӣ ироа гардиданд.
Дар анҷом хонандагони эҷодкор бо шеърҳои худро қироат намуданд ва иштирокчии озмуни «Тараннуми Ватан» Ализода Муниса Салим бо сипоснома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуд.