Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

17.11.2025 / Таҷлили Рӯзи Президент - арҷгузорӣ ба саҳми Пешвои муаззами миллат дар таҳкими давлатсозии миллӣ



       Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16 ноябр таҷлил мегардад, ҷашнест, ки мақоми Роҳбари давлатро ҳамчун рамзи Ваҳдати миллӣ, суботу амният, пешрафти иқтисодӣ ва пойдории давлатдории миллии тоҷикон таҷассум менамояд. Ин рӯз на танҳо эҳтироми мардум ба Президенти маҳбуби кишвар, балки арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо хиради сиёсӣ, иродаи матин ва ҷасорати давлатсозии худ саҳифаҳои наву тақдирсози таърихи миллатро навиштаанд. Дар давраи ниҳоят ҳассоси таърих, замоне ки хатари нестшавии давлатдории миллӣ, парокандашавии ҷомеа ва беназмиҳои шадид Тоҷикистонро фаро гирифта буд, бо иродаи халқ Роҳбари ҷавон, вале огоҳу дурандеш – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд. Маҳз бо ин интихоби тақдирсоз марҳилаи нав дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар оғоз гардид. Пешвои муаззами миллат бо ҷасорати бемисл барои расидан ба сулҳу субот, таъмини ягонагии кишвар ва бозгардонидани давлат ба маҷрои созандагӣ ҳидоят намуданд. Гуфтугӯи миллӣ, стратегияи сулҳоваронаи роҳбарият ва омодагии мардум барои расидан ба Ваҳдати миллӣ Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ раҳонид. Имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1997 ҳамчун бузургтарин дастоварди сиёсӣ дар таърихи муосири тоҷикон дар саҳифаҳои ҷаҳонӣ сабт шудааст. Дар давраи баъдиҷангӣ сиёсати давлат таҳти Роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат ба барқарорсозӣ ва рушди устувори иқтисод нигаронида шуд. Бунёди нерӯгоҳҳои барқи обӣ, сохтмони роҳҳои байналмилалӣ, пулу нақбҳо, инфрасохтори энергетикӣ, иҷтимоӣ ва кишоварзӣ Тоҷикистонро ба кишвари босуръат рушдёбанда табдил дод. Амалӣ шудани татбиқи ҳадафҳои миллӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, сиёсати пешбинишавандаи давлатро ҳамчун модели муваффақи давлатдории миллӣ нишон дод. Сохтмони НБО Роғун, роҳҳои байналмилалӣ, даҳҳо пулу нақбҳо ва ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ – натиҷаи сиёсати дурнигарона ва заҳмати шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Имрӯз Тоҷикистон аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад ва ин пешрафт аз хираду сиёсати давлатмардонаи Президенти маҳбуби кишварамон маншаъ мегирад. Дар сиёсати дохилии давлат аҳамияти махсус ба эҳёи фарҳанг, дастгирии илму маориф ва таҳкими худшиносии миллӣ дода мешавад. Бунёди садҳо муассисаҳои таълимӣ, китобхонаҳо, марказҳои илмӣ ва фарҳангии муосир, эҳёи суннату арзишҳои миллӣ ва ҳифзи забони давлатӣ аз иқдомҳои пойдори Пешвои муаззами миллат мебошанд. Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун муаррифгари таъриху тамаддуни тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ бо равшанфикриву хирадмандӣ симои тоҷиконро дар ҷаҳон муаррифӣ намудаанд. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар масъалаҳои об ҳамчун намунаи сиёсати созандаи давлат дар сатҳи олии ҷаҳонӣ пазируфта шудааст. Рӯзи Президент – рамзи садоқат, ваҳдат ва эътимоди халқ ба Роҳбари давлат мебошад. Имрӯз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашнест, ки мардум бо ифтихор таҷлил мекунанд. Он рамзи арҷгузорӣ ба шахсияти Сарвари давлати хирадманд, бунёдгузори сулҳу субот ва кафили пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Ин рӯз ифодаи қадрдонии миллат аз хизматҳои беназири Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуби Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи давлатсозӣ, ваҳдатофарӣ ва таъмини ояндаи дурахшони кишвар аст. Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат на танҳо Роҳбари сиёсӣ, балки рамзи иттиҳоду ягонагӣ, орзуву умедҳои мардум ва роҳнамои роҳи рушди давлатдории тоҷикон мебошанд. Нақши таърихии ӯ дар эҳёи давлатдории миллӣ, мустаҳкамсозии пояҳои давлат, таъмини сулҳу субот ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон абадзинда хоҳад монд. Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҷомеа боз як бор ба Қаҳрамониҳои сиёсии Пешвои маҳбуби миллат, хидматҳои беназир ва саҳми тақдирсози ӯ дар таърихи давлату миллат назар афканад. Ин хизматҳои мондагор ҳамчун саҳифаҳои тиллоии таърихи навини тоҷикон боқӣ монда, барои наслҳои оянда сарчашмаи худшиносиву ифтихор хоҳанд буд. Ҳар нафас озод мегӯям сухан, Шукри Пешвои муҳаббатофарин. Пешво бо Тоҷикистон зинда бод! Мо дуогӯем, ки озоре набин. Поянда бод сулҳу ваҳдат! Зинда бод Тоҷикистон! Зинда бод Пешвои муаззами миллат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Фаридун Ҳусензода, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Нуробод


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод