17.11.2025 / ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД 15.11.2025

Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як сокини кишвар боиси ифтихор буда, ҳамчун рамзи қадрдонӣ ба хизматҳои нотакрори таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ мегардад.
Бахшида ба ин санаи муҳими сиёсӣ ва таърихӣ дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони «Президент – кафили соҳибихтиёрии давлат ва наҷотбахши миллат» баргузор гардид.
Нахуст, раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли сокинони сарбаланди ноҳия табрик гуфта, таъкид намуд, ки таҷлили Рӯзи Президент пеш аз ҳама баёни садоқат ва эҳтироми мардуми кишвар нисбат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Зикр карда шуд, ки дар марҳилаи нави давлатсозии соҳибистиқлоли тоҷикон, тақдири миллати куҳанбунёд ба дасти шахсияти нодири таърихӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вогузор гардид. Маҳз бо бузургдилӣ, шуҷоат, раҳму шафқат ва иқтидори сулҳофарии ин абармарди таърихӣ Тоҷикистон ба давраи нави худшиносӣ, рушду созандагӣ ва суботи устувор ворид шуд.
Таъкид гардид, ки бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар кишвар садҳо иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ - роҳҳову нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва дигар инфрасохторҳои зарурӣ бунёд гардида, симои Тоҷикистони навин ҳамарӯза зебою муосиртар мешавад. Сулҳи таърихӣ ва ваҳдати миллӣ Тоҷикистонро ба кишвари босубот ва мунтазам рушдёбанда табдил дод.
Қайд гардид, ки Рӯзи Президент ҳамасола ба рӯзҳои таҷлили солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд - иҷлосияе, ки барои миллати тоҷик таҳаввулоти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро ба бор оварда, заминаи воридшавии Пешвои миллат ба арсаи сиёсат гардид.
Дар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ пешниҳод гардида, бо сурудҳои ватандӯстона ба чорабинӣ рӯҳу таровати хоса бахшид.