Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

22.10.2025 / БОЗДИД ВА СУҲБАТИ РӮ БА РӮ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА” ВА “МАҲАЛ БА МАҲАЛ” ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД 21 октябри соли 2025



       Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкории бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, рӯёнидани ду-се ҳосил, ташкили захираи кофии маводи ғизоӣ барои фасли зимистон ва шиносоӣ бо шароити зиндагии сокинон, санаи 21 октябри соли 2025 дар ноҳияи Нуробод боздид бо усули “Хона ба хона” ва “Маҳал ба маҳал” баргузор гардид. Дар ин боздид намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар фаъолон ширкат варзиданд. Намояндагон аз ҳолати истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва ҳосилнокии онҳо шиносоӣ намуда, бо сокинон сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ анҷом доданд. Дар ҷараёни боздид масъалаҳои истифодаи босамари ҳар як порчаи замин, рӯёнидани ҳосили такрорӣ, ташкили захираи маҳсулоти ғизоӣ барои фасли зимистон ва беҳсозии шароити иқтисодии оила мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сокинони маҳаллӣ намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, дӯхтани нақшу нигор дар либосҳои миллӣ ва омода кардани хӯрокҳои миллиро ба ҳозирин намоиш доданд. Зимни сӯҳбат таъкид гардид, ки эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгон ва тарғиби либоси миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳамияти бузург дошта, ба таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа мусоидат менамояд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод