22.10.2025 / Вохӯрӣ дар доираи усули «Мактаб ба мактаб» дар МТМУ №28-и ноҳияи Нуробод 21.10.2025

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, дар доираи усули «Мактаб ба мактаб» дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28-и ноҳияи Нуробод вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои тарбияи ахлоқӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, донишандӯзӣ, интихоби дурусти касбу ҳунар ва нақши занону духтарон дар ҷомеа суҳбат оростанд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ба хонандагон тавсия дода шуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои бузург заҳмат кашида, бо дониш, ахлоқи намунавӣ ва масъулияти баланд ба таҳсил идома диҳанд.