22.10.2025 / БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МУРОСО ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД 21.10.2025

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи амалисозии Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Нуробод ҷаласаи корӣ оид ба таъсиси Шӯрои муросо баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии таъсиси Шӯрои муросо мусоидат ба таҳкими арзишҳои оилавӣ, ҳифзи оила, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии зӯроварӣ дар оила, никоҳҳои бармаҳал ва хешутаборӣ, инчунин пешгирии пошхӯрии оилаҳо мебошад.
Фаъолияти Шӯрои муросо ҳамчун минбари ёрирасон ба марказҳои машваратӣ-иттилоотӣ ба роҳ монда шуда, барои солиму пойдор нигоҳ доштани оилаҳо ва таъмини тарбияи дурусти фарзандон дар муҳити солими оилавӣ мусоидат хоҳад кард.