21.10.2025 / ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ НОҲИЯИ НУРОБОД ДАР ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 19 октябри соли 2025

Имрӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе бо шукӯҳу тантана ҷашни фархундаи Меҳргон баргузор гардид.
Дар ин чорабинии бошукӯҳ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод низ фаъолона иштирок намуданд.
Ҳайати ноҳияи Нуробод дар намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ иштирок намуда, зебоиҳои табиии ноҳия, маҳсулоти хушсифати деҳқонон ва маҳсули ҳунарҳои мардумии сокинони маҳаллиро ба маърази тамошо гузоштанд.
Стэнди ноҳияи Нуробод бо тарҳи зебо, анвои меваю сабзавот, асали тоза, ғалладона, маҳсулоти ширӣ ва гӯштӣ, инчунин нонҳои анъанавӣ ва хӯрокҳои миллӣ оро дода шуда, таваҷҷуҳи зиёди меҳмонон ва иштирокчиёнро ҷалб намуд.
Баргузории чунин ҷашнвораҳои миллӣ на танҳо барои эҳёи суннату анъанаҳои неки мардумӣ мусоидат менамояд, балки дар муаррифии дастовардҳои ноҳия ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ нақши муҳиме дорад.