Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

21.10.2025 / АКСИЯИ ТОЗАГӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД



       Имрӯз, дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, аксияи тозагӣ бо ҷалби васеи кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷавонон, занон ва сокинони маҳаллӣ баргузор гардид. Иштирокчиёни шанбегӣ саҳмгузории худро дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист гузошта, гирду атрофи биноҳои маъмурӣ, роҳраву гулгаштҳо ва саҳни муассисаҳоро аз алафҳои бегона тоза намуда, бехи дарахтону буттаҳоро нарм карданд. Ташкили чунин иқдомҳои ҷамъиятӣ, пеш аз ҳама, ба ҳадафи баланд бардоштани сатҳи фарҳанги экологии аҳолӣ, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва ободу зебо гардонидани шаҳраку деҳоти ноҳия равона гардидааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод минбаъд низ пайваста баргузории чунин чорабиниҳоро ба хотири муҳайё сохтани муҳити тоза ва солим ба роҳ хоҳад монд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод