Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

21.10.2025 / Рушди таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияи Нуробод



       Бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020–2025» дар доира усули "Деҳа ба деҳа" гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод имрӯз аз рафти корҳои сохтмонии ду синфхонаи иловагӣ барои кӯдакони сини томактабӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-и деҳаи Истон боздид ба амал овард. Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки сохтмони иншоот бо ташаббуси сокинони маҳаллӣ ва дастгирии шахсони саховатпеша оғоз гардида, айни ҳол корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд. Ҳадафи асосии бунёди синфхонаҳои иловагӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди зеҳнӣ ва ҷисмонии кӯдакон, инчунин баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар зинаи томактабӣ мебошад.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод