11.10.2025 / ТАҶЛИЛИ ИДИ МЕҲРГОН ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД 11.10.2025

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашнҳои миллӣ — Наврӯз, Сада ва Меҳргон — бо тамоми шаҳомати хеш эҳё гардида, ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегарданд.
Имрӯз субҳ дар маркази ноҳияи Нуробод ҷашни Меҳргон бо иштироки васеи сокинон ва меҳмонон баргузор гардид. Кишоварзони заҳматкаш ба ифтихори ин ҷашни аҷдодӣ ҳосили дастранҷи худ — гандуму шолӣ, себу ангур, картошку сабзавот ва дигар неъматҳои заминро ба намоиш гузоштанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон робитаи қавии маънавӣ дошта, яке дар оғози баҳор ва дигаре дар миёнаи тирамоҳ таҷлил мегарданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврӯз, Сада, Тиргон ва Меҳргон мебошад.
Имрӯз Меҳргон ҷашни кишоварзон, рамзи фаровонӣ, баракати рӯзгор ва нишони шодмонии мардуми фарҳангсиришти Тоҷикистон аст. Кишоварзони ноҳия ин ҷашни суннатиро бо ҳосили фаровон, тақвияти кишти тирамоҳӣ ва умеди ҳосили оянда таҷлил намуданд.
Ба ифтихори ин ҷашни аҷдодӣ барномаи ҷолиби фарҳангӣ аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия намоиш дода шуд, ки ба тантанаи ид зебоии хоса бахшид.