Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

10.10.2025 / Сӯҳбати сарироҳӣ бо сокинони деҳаи Хулозӣ



       Имрӯз дар доираи татбиқи усули «Деҳа ба деҳа» гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод таҳти роҳбарии муовини якуми раиси ноҳия Ҳисориён Зафар Абдусамад бо сокинони деҳаи Хулозии Ҷамоати деҳоти Муҷихарф сӯҳбати сарироҳӣ баргузор намуданд. Зимни суҳбат масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла истифодаи оқилонаи неруи барқ, нигоҳдории шабакаҳои таъминотӣ, риояи қоидаҳои истифодаи замин, таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва пешгирии амалҳои номатлуб, аз қабили экстремизм ва терроризм баррасӣ гардиданд. Муовини якуми раиси ноҳия ба сокинон таъкид намуд, ки ҳифзи суботи ҷомеа, эҳтироми қонун, тозагии муҳити зист ва тарғиби ҳаёти солим вазифаи умумии ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Сокинони деҳа аз иқдомҳои созандаи роҳбарияти ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ дар татбиқи нақшаҳои рушд ва корҳои ободонӣ изҳор карданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод