10.10.2025 / ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ ДАР ДЕҲАИ САБЗИҚАДАМ ДАР ДОИРАИ УСУЛИ «ДЕҲА БА ДЕҲА» ВА «МАКТАБ БА МАКТАБ» 7.10.2025

Имрӯз гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод таҳти роҳбарии муовини якуми раиси ноҳия Ҳисориён Зафар Абдусамад, дар ҳамбастагӣ бо намояндагони сохторҳои дахлдор, дар доираи усули «Деҳа ба деҳа» ва «Мактаб ба мактаб» дар деҳаи Сабзиқадами ҷамоати деҳоти Муҷихарф вохӯрӣ доир намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ бо сокинони деҳа, омӯзгорон ва хонандагон оид ба масъалаҳои гуногуни рӯз —аз ҷумла пешгирии терроризм ва экстремизм, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, таълиму тарбияи дурусти насли наврас, истифодаи оқилонаи неруи барқ, ҳифзи муҳити зист, ободонии маҳал ва масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ суҳбат оростанд.
Муовини якуми раиси ноҳия Ҳисориён Зафар Абдусамад дар баромади худ таъкид намуд, ки баргузории чунин вохӯриҳо ба таҳкими робитаи мақомоти маҳаллӣ бо мардум, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат менамояд.
Аъзои гурӯҳи корӣ низ дар баромадҳои худ ба самтҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ — аз ҷумла беҳтар намудани сифати таълим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва фаъолияти созандагӣ — таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.