Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

10.10.2025 / Иқдоми ҷавонони деҳаи Чормағзаки деҳоти Муҷихарф дар бунёди толори варзишӣ 7.10.2025



       Имрӯз гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод таҳти роҳбарии муовини якуми раиси ноҳия Ҳисориён Зафар Абдусамад, дар ҳамбастагӣ бо намояндагони сохторҳои дахлдор, дар доираи усули «Деҳа ба деҳа» ва «Мактаб ба мактаб» аз деҳаи Чормағзаки деҳоти Муҷихарф боздид ба амал овард. Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бо иқдоми ҷавонони деҳа ва дастгирии шахсони саховатпеша, корҳои сохтмонии толори варзишӣ дар ҳудуди деҳа оғоз гардидааст. Тибқи маълумоти масъулон, бунёди ин иншоот бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои баргузории чорабиниҳои варзишӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва пешгирии омилҳои номатлуб миёни ҷавонон роҳандозӣ шудааст. Муовини якуми раиси ноҳия Ҳисориён Зафар Абдусамад аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дидан намуда, саҳми ҷавононро дар ободонии диёр ва рушди соҳаи варзиш арзишманд арзёбӣ намуд.Таъкид шуд, ки чунин иқдомҳои ватандӯстона нишонаи баланд шудани ҳисси масъулиятшиносӣ ва меҳанпарастии насли ҷавон мебошад.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод