10.10.2025 / БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МТМУ №4-И ДЕҲОТИ МУҶИХАРФ 7.10.2025

Имрӯз гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод таҳти роҳбарии муовини якуми раиси ноҳия Ҳисориён Зафар Абдусамад, дар ҳамбастагӣ бо намояндагони сохторҳои дахлдор, дар доираи усули "Деҳа ба деҳа" "Мактаб ба мактаб" аз рафти корҳои сохтмони бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и деҳоти Муҷихарф боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бинои иловагӣ аз 4 синфхона иборат буда, барои зиёда аз 160 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ бо сифати хуб ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои сохтмонӣ идома доранд.
Муовини якуми раиси ноҳия Зафар Ҳисориён ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд, ки корҳои боқимонда дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд анҷом дода шаванд.