01.10.2025 / МИНТАҚАИ РАШТ — ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР РӮЗИ АВВАЛ 1 октябри соли 2025

Субҳи имрӯз дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҳаллаи Сомониёни шаҳраки Ғарм, таҳти унвони «Мо, ҷавонон пайравони Пешвои миллатем» маъракаи гусели наваскарон бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар ин ҳамоиш даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ ҳозир шуда, нақшаи даъвати ҳарбиро пурра таъмин намуданд. Ҳамин тавр, ноҳияҳои минтақа дар рӯзи аввал иҷрои 100-фоизаи нақшаро таъмин карданд.
Дар маърака муовинони раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Вазорати мудофиа, падару модарон, собиқадорон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзида, наваскаронро бо дуои нек гусел намуданд.
Дар доираи чорабинӣ ба 153 нафар наваскарон, ки курси ронандагии ТҶММ «Мададгори мудофиа»-ро хатм карда, ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ шомил гардиданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуд.
Хушбахтона, беш аз 40 нафар хизматчиёни давлатии навоҳии минтақаи Рашт бо масъулияти баланд фарзандони худро ба хизмати ҳарбӣ гусел карда, намунаи ибрат нишон доданд.
Дар анҷоми чорабинӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанги ноҳияи Рашт бо барномаи ҷолиби консертӣ хотири ҳозиринро болида сохт.