23.09.2025 / Ҳамоиши ҳамкорӣ бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) дар ноҳияи Нуробод

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдор ва шарикони рушд ҷаласа оид ба ҳамкорӣ бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои амалисозии лоиҳаи “Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавии чорво (АМАЛ)” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ин ташаббус ба рушди устувори соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ равона гардида, имкониятҳои нави дастгирии хоҷагидорон ва соҳибкорони маҳаллиро фароҳам меорад.
Мақсади асосии ҳамоиш таъмини амнияти озуқаворӣ, густариши соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ, ҷалби технологияҳои муосир, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва беҳтар намудани дастрасии маҳсулоти истеҳсолгардида ба бозор мебошад.
Намояндаи Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) ҷаноби Дан зикр намуд: Нуробод дорои имкониятҳои зиёди рушд мебошад ва IFAD омода аст барои беҳтар намудани шароити хоҷагидорон ва тақвияти амнияти озуқаворӣ мусоидат намояд.
Хонум Азиза Тухтабаева низ таъкид намуд, ки бо ҳамкории самаранок мо метавонем шароити бозорро барои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ беҳтар сохта, дастрасии онҳоро ба имкониятҳои иқтисодӣ васеъ намоем.
Дар анҷоми ҳамоиш ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкорӣ ва татбиқи самараноки лоиҳаҳо баён намуданд.