Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

23.09.2025 / НУРОБОД: КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ "НАҚШИ СТРАТЕГИЯИ МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030 ДАР КОҲИШ ДОДАНИ САТҲИ КОРРУПСИЯ"



       Тибқи нақша- чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод санаи 18 сентябри соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Нақши Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар коҳиш додани сатҳи коррупсия» баргузор гардид. Дар кори конференсия раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт полковники адлия Акобирзода Дилшод Саидакбар, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои минтақа, мудирони шуъбаҳои маориф, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт ширкат намуданд. Чорабиниро раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, оид ба аҳамияти пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва татбиқи ҳадафҳои Стратегияи давлатӣ изҳори назар намуд. Сипас, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт полковники адлия Акобирзода Дилшод Саидакбар суханронӣ карда, оид ба «Нақши Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар коҳиши сатҳи коррупсия» маърӯза намуд. Соҳибназарзода Мануҷеҳр — намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт, дар мавзӯи «Рафти амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» суханронӣ намуда, оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои дахлдор ва ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳо дар сатҳи маҳаллӣ андешаҳои худро баён дошт. Судяи Суди ноҳияи Нуробод Камолзода Мадина Тоҳир бо маърӯзаи худ дар мазуи «Пешгирии омилҳои хусусияти коррупсионидошта» ва муовини якуми раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳасани Давлатхуҷа доир ба мавзӯи «Фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия» баромад намуд. Инчунин, ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Раҷабзода Маҳмадёр Носир ва омӯзгори донишкада Муқимов Сафарбек дар мавзӯи «Муқовимат бо коррупсия – вазифаи асосии давлат ва ҷамъият дар рушди қонунгузории миллӣ» андешаҳои худро баён намуданд. Дар фарҷоми конференсия ба як қатор фаъолон Сипосномаҳо тақдим гардид. Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани содиршавии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуниҳо, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррурсионӣ арзёбӣ мегардад.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод