Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

17.09.2025 / БОЗДИД АЗ РАВАНДИ СОХТМОНИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МТМУ №38-И НОҲИЯИ НУРОБОД. 17.09.2025



       Дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба беҳтарсозии шароити таҳсилу таълим ва дастрасии хонандагон ба муҳити муосири таълимӣ равона шудааст, дар ноҳияи Нуробод корҳои бунёдкориву созандагӣ бо маром идома доранд. Бо ҳамин мақсад, раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода аз ҷараёни сохтмони бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38, воқеъ дар деҳаи Ёфуч, боздид ба амал овард. Зимни боздид, раиси ноҳия аз сифати корҳои сохтмонӣ шиносоӣ пайдо намуда, ба масъулин ҷиҳати риояи меъёрҳои сохтмонӣ, истифодаи маводи босифат ва сари вақт ба анҷом расонидани лоиҳа супоришҳои мушаххас дод. Бинои иловагӣ бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ ба маблағи 600 ҳазор сомонӣ бунёд шуда истодааст. Бо ба истифода додани он, шароит барои таҳсили зиёда аз 200 нафар хонандагон дар ду баст фароҳам гардида, мушкилоти камбуди синфхонаҳо то андозае бартараф хоҳад шуд. Ин иқдом барои фароҳам овардани муҳити мусоиди таълимӣ саҳми назаррас хоҳад гузошт. Раиси ноҳия Фатҳуддин Солеҳзода таъкид намуд, ки соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мавқеи намоён дошта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия минбаъд низ ҷиҳати беҳтар намудани шароити таълимӣ тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад кард.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод