17.09.2025 / БОЗДИД ВА СУҲБАТИ РӮ БА РӮ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА” ВА "МАҲАЛ БА МАҲАЛ" ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД. 11.09.2025

Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, рӯёнидани ду-се ҳосил, ташкили захираи кофии маводи ғизоӣ барои фасли зимистон ва шиносоӣ бо шароити зиндагии сокинон, санаи 11-уми сентябри соли 2025 дар ноҳияи Нуробод боздид бо усули “Хона ба хона” ва “Маҳал ба маҳал” баргузор гардид.
Дар боздид Муовини раиси ҲХДТ Абдуллозода Умеда Бегмурод, Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Оятулло Аҳмадзода, муовини якуми раиси ноҳияи Нуробод Ҳисориён Зафар Абдусамад, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саъдуллоев Саломатшо ва дигар фаъолон ширкат варзиданд.
Намояндагон аз ҳолати истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва ҳосилнокии онҳо шиносоӣ намуда, бо сокинон сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ анҷом доданд. Дар рафти боздид масъалаҳои истифодаи босамари ҳар як порчаи замин, рӯёнидани ҳосили такрорӣ, ташкили захираи маҳсулоти ғизоӣ барои фасли зимистон ва беҳсозии шароити иқтисодии оила мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Сокинони маҳаллӣ намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, дӯхтани нақшу нигор дар либосҳои миллӣ ва омода кардани хӯрокҳои миллиро ба ҳозирин намоиш доданд.
Муовини раиси ҲХДТ Абдуллозода Умеда Бегмурод таъкид намуд, ки эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгон ва тарғиби либоси миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳамияти калон дошта, ба таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа мусоидат менамояд.