10.09.2025 / АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД 9.09.2025

Дар арафаи ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода ҳамроҳи гурӯҳи масъулон собиқадорони меҳнати ноҳияро аёдат намуданд.
Зимни мулоқот бо собиқадорон таъкид гардид, ки дастовардҳои бузурги даврони истиқлол маҳз бо заҳмати халқи заҳматдӯст ва саҳми арзандаи насли пешсаф ба даст омадаанд.
Бо мақсади қадрдонӣ аз хизмати содиқона ва меҳнати бисёрсолаи онҳо як қатор собиқадорони меҳнат бо Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Собиқадорон аз таваҷҷуҳ ва ғамхории роҳбарияти давлат ва мақомоти маҳаллӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки ҳамеша барои ободии Ватан ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ саҳм мегузоранд.