Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

10.09.2025 / ТАРАННУМИ ИСТИҚЛОЛ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД



       Санаи 8 сентябри соли 2025 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Нуробод бахшида ба ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ доир гардид. Дар ин маҳфили идона баромади ансамблҳои халқӣ, рақсҳои миллӣ ва сурудҳои ватандӯстона манзури иштирокчиён гардиданд. Санъаткорон бо барномаҳои рангин ва ҳунарҳои воло фазои идонаро боз ҳам зебо намуданд. Ҳамзамон, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, корҳои дастии бонувон ва маҳсулоти суннатии миллӣ ба маъраз гузошта шуда, рамзи эҳёи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва худшиносии тоҷиконро таҷассум намуд. Чорабинӣ бо ҳадафи арҷгузорӣ ба неъмати истиқлол, таҳкими ваҳдат ва бедории ҳисси ватандӯстӣ баргузор гардида, хотири сокинон ва меҳмононро шод гардонид.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод