Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

10.09.2025 / ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ДЕҲОТИ БА НОМИ ИЗЗАТУЛЛО ҲАЛИМОВИ НОҲИЯИ НУРОБОД 08.09.2025



       Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод имрӯз дар Ҷамоати деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод бо иштироки муовини якуми раиси ноҳия Ҳисориён Зафар бахшида ба ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид. Дар ҳамоиши идона омӯзгорон, хонандагон, кишоварзону ҳунармандон ва сокинони деҳот бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ ширкат варзиданд. Барномаҳои фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таронаҳои ватандӯстона ба фазои идона шукӯҳи хоса бахшиданд. Муовини якуми раиси ноҳия Ҳисориён Зафар паёми табрикотии раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзодаро ба иштирокчиёни чорабинӣ расонида, таъкид намуд: Истиқлолият бузургтарин дастоварди таърихии халқи тоҷик арзёбӣ гардида, бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳким ёфта, имрӯз Ватани азизро ба сӯи пешрафт, сулҳу субот ва зиндагии шоиста раҳнамоӣ менамояд. Ҳамзамон зикр гардид, ки ҳар як сокини ноҳия дар роҳи ҳифзу таҳкими ин дастоварди муқаддас ва ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд саҳми арзандаи худро гузорад. Сипас раиси ҷамоати деҳоти ба номи Иззатулло Ҳалимов Эраҷ Наимов баромад намуда, сокинонро бо Рӯзи Истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, аҳамияти бузурги ин ҷашнро барои таҳкими давлатдорию ваҳдати миллӣ баён намуд. Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор фаъолони деҳот ифтихорномаҳо тақдим гардида, хизматҳои шоёни онҳо дар соҳаҳои гуногун қадр карда шуданд. Сипас барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки аҳли ҳунар манзур гардид, ки фазои идонаро боз ҳам пуршукуҳ сохт.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод