Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

08.09.2025 / «АНДАЛЕБ-2025». ДАВРИ НОҲИЯВИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД



       6 сентябри соли 2025 дар ноҳияи Нуробод даври ноҳиявии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «АНДАЛЕБ-2025» баргузор гардид. Дар озмун иштирокчиён бо барномаҳои гуногуни эҷодӣ — суруди ҳамсароён, сурудҳои якка, рақсу саҳнаҳои театрикунонидашуда — маҳорати баланд нишон дода, аз ҷониби ҳайати доварон сазовори 107,4 хол гардиданд. Бо маҳорати баланди иҷро ва барномаи пурмазмун дастаи эҷодии ноҳияи Нуробод аз ҷониби ҳайати доварон 107,4 хол ба даст оварда, сазовори роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардид. Мақсади асосии баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии «АНДАЛЕБ» ҳифз ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани ҳисси худогоҳиву ватандӯстии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои миллӣ ва дарёфти чеҳраҳои нави эҷодӣ мебошад.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод