08.09.2025 / ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 34-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД.

Санаи 6 сентябри соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони "Истиқлоли миллат ҷавҳари ноёб ва неъмати бебаҳост" бахшида ба ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — вазири кишоварзии мамлакат Ҳакимзода Қурбон, раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода, собиқадорони меҳнат, зиёиён, роҳбарони муассисаҳо ва сокинони ноҳия иштирок доштанд.
Раиси ноҳия Фатҳуддин Солеҳзода ҳозиринро табрик намуда, таъкид дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик неъмати бебаҳост ва ҷавҳари нодири худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон низ ҳозиринро аз номи Ҳукумати кишвар ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфта, саҳми мардуми тоҷикро дар нигоҳ доштани истиқлол ва рушди Ватан арзёбӣ намуд.
Дар охир, якчанд нафар аз намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо мукофоти давлатӣ ва ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод қадрдонӣ шуданд