08.09.2025 / ОҒОЗИ КОРҲОИ МУМФАРШКУНӢ РОҲИ ДЕҲАИ ОБИ ЛУРДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ХУМДОНИ НОҲИЯИ НУРОБОД. 06.09.2025

Дар арафаи таҷлили ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод корҳои мумфаршкунии роҳи деҳаи Оби Лурди Ҷамоати деҳоти Хумдон бо дарозии 2 километр оғоз ёфт.
Маросими оғози корҳои мумфаршкунӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – вазири кишоварзии мамлакат Ҳакимзода Қурбон ва раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода баргузор гардид.
Иқдоми мазкур бо саҳми аҳолӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ гардида, барои беҳтар шудани шароити зисту зиндагӣ, рафтуомади сокинон ва рушди иҷтимоию иқтисодии маҳал мусоидат хоҳад кард.
Зимни ифтитоҳи корҳо таъкид гардид, ки таҷдиду мумфаршкунии роҳҳо аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат буда, дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва таъмини дастрасии онҳо ба марказҳои хизматрасонӣ аҳамияти калон дорад.