08.09.2025 / Ба истифода додани шуъбаи ҷарроҳию эҳёгарии Беморхонаи марказии ноҳияи Нуро

бод
06.09.2025
Дар арафаи таҷлили ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод шуъбаи ҷарроҳию эҳёгарии Беморхонаи марказии ноҳия баъди таъмиру навсозӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – вазири кишоварзии мамлакат Ҳакимзода Қурбон ва раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода мавриди истифода қарор гирифт.
Иншооти мазкур бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардида, барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Ифтитоҳи шуъбаи нав қадами навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ дар самти ҳифзи саломатии шаҳрвандон арзёбӣ мешавад.
Зимни маросими ифтитоҳ таъкид гардид, ки фаъол шудани ин шуъба имконият медиҳад, то табобати бемориҳои ҷарроҳӣ ва хизматрасониҳои эҳёгарӣ дар худи ноҳия бо сифати баланд анҷом дода шавад ва эҳтиёҷ ба муроҷиат ба марказҳои тиббии дигар коҳиш ёбад.