08.09.2025 / ИФТИТОҲИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ДАР АРАФАИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ 06.09.2025

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо рамзи озодӣ ва худшиносӣ, балки ҷашни ваҳдату ҳамдилӣ, эҳтирому дӯстӣ ва ободиву созандагӣ мебошад. Ин ҷашни муқаддас моро ба меҳнатдӯстӣ, ободкорӣ ва муҳаббат ба Ватан ҳидоят мекунад.
Бо роҳандозӣ намудани чунин ҳадафҳои созандаю ободона ва эҳтирому арҷгузорӣ ба ин ойини миллии бузург имрӯз дар деҳаи Кабутиёни ҷамоати деҳоти Сафедчашма бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири кишоварзии мамлакат муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ва раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен маркази савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бинои хизматрасонии мазкур аз 2 ошёна иборат буда, аз тарафи соҳибкор Ахмедов Раҳмоналӣ сохта шуда, зиёда аз 6 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Маркази савдо барои пешниҳоди хизматрасониҳои гуногун, аз ҷумла фурӯши молу маҳсулоти ғизоӣ, меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти ба ниёзи аҳолӣ заруратдошта барои аҳолӣ бунёд карда шудааст.
Иншооти мазкур, ки ҷиҳати пешбурди савдою хизматрасонӣ ва беҳбудии шароити зиндагии аҳолӣ равона гардидааст, ба беҳтарсозии рушди иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Меҳмонон ин иқдоми пешгирифтаи соҳибкорро ташаббуси созанда арзёбӣ карда, таъкид сохтанд, ки саҳми соҳибкорону шахсони ободкор имрӯз бешубҳа дар рушду пешрафт ва ободонии кишвар назаррас мебошад.