08.09.2025 / Боздид аз рафти ҷамъоварии ҳосили картошка дар мавзеъҳои баландкӯҳии деҳаи Тегирмии деҳоти Меҳробод 06.09.2025

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – вазири кишоварзии мамлакат муҳтарам Ҳакимзода Қурбон ва раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода аз рафти ҷамъоварии ҳосили картошка дар мавзеъҳои баландкӯҳии деҳаи Тегирмии ҷамоати деҳоти Меҳробод боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид таъкид шуд, ки мавзеъҳои баландкӯҳ барои парвариши картошка имкониятҳои мусоид фароҳам меоранд ва ин зироат дар таъмини амнияти озуқавории сокинон нақши муҳим мебозад. Кишоварзон бо истифода аз таҷрибаи дуруст ва заҳмати содиқона имсол ҳосили фаровон ба даст овардаанд.
Намояндагони Ҳукумат ва мақомоти маҳаллӣ фаъолияти кишоварзонро баланд арзёбӣ карда, изҳори итминон намуданд, ки бо истифодаи самараноки замин ва риояи қоидаҳои агротехникӣ истеҳсоли картошка дар ноҳия минбаъд низ афзоиш хоҳад ёфт.