Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

08.09.2025 / Ифтитоҳи толори варзишӣ дар деҳаи Айнии деҳоти Меҳробод 06.09.2025



       Дар арафаи таҷлили ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Айнии ҷамоати деҳоти Меҳробод бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – вазири кишоварзии мамлакат – Ҳакимзода Қурбон ва раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода толори варзишии нав ба истифода дода шуд. Иншооти мазкур бо дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, ҷавобгӯ ба талаботи муосир мебошад. Толор барои баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ва ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим шароити мусоид фароҳам меорад. Зимни маросими ифтитоҳ таъкид гардид, ки сохтмони чунин иншоот натиҷаи сиёсати ҷавононпарваронаи давлат ва ҳамкории самарабахши ҷомеа бо мақомоти маҳаллӣ буда, дар таҳкими тарбияи ҷисмонии насли наврас ва рушди варзиш дар ноҳия нақши муҳим хоҳад гузошт.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод