Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

08.09.2025 / ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ДЕҲОТИ ҲАКИМӢ 05.09.2025



       Дар маркази Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Сокинони ҷамоат, ҷавонон, омӯзгорон ва намояндагони сохторҳои давлатӣ бо либоси идона ва рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ ҷамъ омада, якҷоя шукӯҳу шаҳомати Истиқлолро пос доштанд. Дар саҳни марказии деҳот намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои хоҷагидорӣ ва таомҳои миллӣ ба маъраз гузошта шуда, фазои идона пурра эҳсос мегардид. Барномаҳои рангини фарҳангӣ аз ҷониби аҳли санъати ноҳия омода шуда буданд, ба чорабинӣ зебоии бештар бахшиданд. Дар суханрониҳои ифтитоҳӣ таъкид шуд, ки Истиқлолият бузургтарин дастоварди миллат буда, маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба пешрафту ободӣ ноил гардид. Ҳамчунин, аз хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдорӣ ва боло бурдани нуфузи кишвар ёдоварӣ шуд. Чорабинӣ дар фазои ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба анҷом расид.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод