08.09.2025 / ТАҶЛИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ДЕҲОТИ МЕҲРОБОДИ НОҲИЯИ НУРОБОД 05.09.2025

Имрӯз дар маркази Ҷамоати деҳоти Меҳробод бо шукуҳу тантанаи хосса ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид.
Дар чорабинии идона роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, омӯзгорон, хонандагон ва сокинони деҳоти Меҳробод бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ иштирок намуда, фазои идонаро гарму мунаввар сохтанд.
Барномаҳои фарҳангиву консертӣ, намоиши дастовардҳои ҳунармандон ва таомҳои миллӣ муҳити идонаро боз ҳам зебо гардониданд.
Иштирокчиён ҳамагонро ба муносибати фарорасии Рӯзи Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, таъкид доштанд, ки ин дастоварди бузурги миллат бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифз ва таҳким ёфтааст.
Сипас аҳли ҳунару санъати ноҳия барномаи рангини фарҳангиро манзур намуда, ба тантанаи истиқлолият шукуҳи хосса бахшиданд.