08.09.2025 / Истиқлол ва дастовардҳои кишвар: ҳамоиш дар Коллеҷи муҳандисии техникии ноҳияи Нуробод

Дар доираи Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод санаи 4 сентябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии Коллеҷи муҳандисии техникии ноҳияи Нуробод чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Комёбиву дастовардҳои кишвар дар даврони 34 соли Истиқлол» баргузор гардид.
Дар ҷараёни барнома аҳаммияти Истиқлоли давлатӣ ҳамчун бузургтарин дастоварди миллат таъкид гардида, нақши он дар пешрафти давлату ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамзамон, як қатор омӯзгорони фаъоли муассиса бо «Сипоснома»-и Кумитаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва «Ифтихорнома»-и роҳбарияти муассиса қадрдонӣ шуданд.