03.09.2025 / ИДОМАИ ВОХӮРИИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО СОКИНОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҲАКИМӢ ВА МУҶИХАРФИ НОҲИЯИ НУРОБОД 02.09.2025

Имрӯз дар Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони деҳоти Ҳакимӣ ва Муҷихарф баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ Солеҳзода Фатҳуддин – раиси ноҳияи Нуробод, вакилон Наҷмиддиниён Асадулло Мирзо, Маҳмадзода Аҳмад Маҳмуд ва Икромӣ Фазлиддин иштирок доштанд.
Вакилон баромад намуда, таъкид карданд, ки барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои рушди устувори кишвар ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум равона шудаанд.
Ҳамчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва Қонуни «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро шарҳу тавзеҳ дода, аҳамияти онҳо дар таҳкими фарҳанги миллӣ, тарбияи солим ва масъулияти оилавӣ дар таълиму тарбияи фарзандро таъкид карданд.
Дар вохӯрӣ ба таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон низ ишора шуда, қайд гардид, ки давлат бо сиёсати “Дарҳои боз” дар арсаи байналмилалӣ обрӯи баланди дипломатӣ ва ҳамкории мутақобила бо дигар кишварҳоро ба даст овардааст.
Сокинон имконият пайдо карданд, ки саволу пешниҳодҳои худро ба вакилон пешниҳод намуда, посухи мушаххас гиранд. Вакилон таъкид намуданд, ки баррасии дархостҳои мардум ва шарҳу тавзеҳи қонунҳои амалкунанда аз самтҳои асосии фаъолияти онҳо мебошад.