Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

03.09.2025 / БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲОИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД 02.09.2025



       Нимаи аввали имрӯз тибқи нақшаи тасдиқгардида мулоқоту вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон ва сокинони ноҳияи Нуробод баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен – раиси ноҳияи Нуробод, Наҷмиддиниён Асадулло Мирзо – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Файзобод №11, Маҳмадзода Аҳмад Маҳмуд – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Икромӣ Фазлиддин – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар меҳмонон иштирок намуданд. Дар вохӯрӣ аз ҷониби вакилон қайд гардид, ки рисолат ва мазмуну моҳияти барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рушди устувори Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу пешрафта ва аз лиҳози сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ босубот мебошад, ки дар марҳилаи солҳои 2025–2030 тамоми заминаҳои воқеиро барои рушду тараққиёт ва зиндагии шоиставу арзандаи мардум муҳайё месозад. Ҳамзамон вакилон дар баромадҳои худ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро шарҳу тавзеҳ дода, аҳамияти онҳоро дар таҳкими фарҳанги миллӣ, ҳифзи арзишҳои ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва боло бурдани масъулияти оила дар таълиму тарбияи фарзанд таъкид намуданд. Дар суханрониҳо зикр гардид, ки бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ба арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил ворид шуда, дар ҳалли масъалаҳои муҳимтарини сатҳи байналмилалӣ саҳми арзанда гузорад. Ҳамин аст, ки имрӯз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намуда, дар чорабиниҳои зиёди миллии халқи тоҷик намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштироки фаъол доранд. Баъд аз ноил шудан ба Истиқлоли комили давлатӣ 9 сентябри соли 1991, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил зарурати муаррифии самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба миён омад. Бо ин мақсад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати санҷидаву дурбинонаеро бо номи “Сиёсати дарҳои боз” тарҳрезӣ намуд, ки он барои узви бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани робитаҳои сиёсӣ бо аксари давлатҳои ҷаҳон мусоидат намуд. Вакилон ба ҳар як масъалаи матраҳшуда посухҳои мушаххас дода, изҳор доштанд, ки баррасии дархосту пешниҳодҳои мардум ва шарҳу тавзеҳи қонунҳои амалкунанда аз самтҳои асосии фаъолияти онҳо маҳсуб меёбад.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод