28.08.2025 / Бинои Муассисаи таҳсилоти умумии асосии №32-и деҳаи Душохазамини Ҷамоати деҳоти Меҳробод барои 288 ҷой дар ду баст

Дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод бинои Муассисаи таҳсилоти умумии асосии №32-и деҳаи Душохазамини Ҷамоати деҳоти Меҳробод барои 288 ҷой дар ду баст ба истифода дода шуд.
Бинои нав бо саҳми аҳолӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дорои синфхонаҳои барҳаво, озмоишгоҳҳои фаннӣ, китобхона, ҳуҷраҳои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Он бо таҷҳизоти таълимии муосир таъмин гардида, ҷавобгӯ ба меъёрҳои имрӯзаи соҳаи маориф аст.
Маросими ифтитоҳи муассиса бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазири кишоварзии мамлакат Ҳакимзода Курбон, раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода, омӯзгорон ва сокинони деҳа баргузор гардид.
Ифтитоҳи ин муассисаи таълимӣ натиҷаи ҳамкории самараноки давлат ва мардум буда, далели равшани ғамхории пайваста нисбат ба соҳаи маориф ва тарбияи насли ояндасоз мебошад.