Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

28.08.2025 / Муассисаи таълимии томактабӣ барои 40 нафар кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт



       Дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Нуробод, бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳаи Садоқати Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ муассисаи таълимии томактабӣ барои 40 нафар кӯдак бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Маросими ифтитоҳи расмии муассисаро намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазири кишоварзии мамлакат Ҳакимзода Қурбон ифтитоҳ бахшиданд. Зимни суханронӣ қайд гардид, ки дастгириҳо ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф, хусусан таълиму тарбияи кӯдакони томактабӣ, имкон фароҳам меорад, ки барои насли оянда шароити арзандаи омӯзишу парвариш муҳайё гардад. Омӯзгорон ва волидайн дар баромадҳои худ таъкид намуданд, ки ифтитоҳи чунин муассисаҳои муосири томактабӣ қадами муҳим дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи кӯдакон мебошад. Онҳо барои таваҷҷуҳу дастгириҳои доимии Пешвои миллат ва саҳми арзандаи соҳибкорони маҳаллӣ изҳори миннатдорӣ карданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод