Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

28.08.2025 / Бинои иловагӣ барои 288 ҷой дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт



       Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и деҳаи Лайрони Ҷамоати деҳоти Ҳакимӣ бинои иловагӣ барои 288 ҷой дар ду баст бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ифтитоҳи иншооти мазкур шароити таҳсилро барои хонандагон ба маротиб беҳтар намуда, имкониятҳои муассиса ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуданд. Ин иқдом боз як далели равшани таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати мамлакат ва саҳми соҳибкорони ватандӯст дар рушди соҳаи маориф мебошад. Дар маросими ифтитоҳи расмии иншоот намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазири кишоварзии мамлакат Ҳакимзода Қурбон иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба дастгириву ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи муҳими иҷтимоӣ – маориф ёдоварӣ карданд. Таъкид намуд, ки бо ташаббус ва ғамхориҳои роҳбарияти давлат шароити таълиму тарбияи насли ояндасоз сол то сол беҳтар мегардад. Омӯзгорон ва хонандагони муассиса изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид карданд, ки ғамхориҳои Пешвои миллат нисбат ба соҳаи маориф онҳоро водор месозад, то бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулият ба таҳсилу тарбия машғул гардида, дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузоранд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод