Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

20.08.2025 / Оғози тақсими “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар ноҳияи Нуробод 20.08.2025



       Тақсими шоҳасари безаволи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ “Шоҳнома” ба аҳолии Тоҷикистон, ки бо иқдоми неки фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав ва бо сифати баланд ба нашр расид, оғоз ёфт. Ин иқдом ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ роҳандозӣ шуда, ҳадафаш эҳёи ҳофизаи таърихӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ ва боло бурдани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ мебошад. Китоби мазкур дар Нашриёти “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду ҷилд бо теъдоди 1 миллиону 700 ҳазор нусха нашр гардида, мувофиқи дастури Сарвари давлат ба ҳар як хонавода дастрас карда мешавад. Сокинони ноҳияи Нуробод бо самимияти баланд аз ин иқдоми фарҳангпарварона изҳори миннатдорӣ намуда, онро нишонаи ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат барои арҷгузорӣ ба таърих ва фарҳанги миллӣ арзёбӣ мекунанд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод