Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

22.02.2023 / ТАҶЛИЛ АЗ 30-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ КӮДАКОНИ ЯТИМ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД



       Имрӯз 22-юми феврали соли 2023 дар мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ кӯдакони ятим дар ноҳияи Нуробод бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Нахуст раиси роҳия Ҷобирзода Додарҷон Пулод баромад намуда, ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош намуданд. Қайд карда шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун фарзанди соҳибистиқлолии кишвар зери таваҷҷӯҳ ва роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сипари боэътимоди кишвар табдил ёфта, баҳри таҳкими Истиқлолияту ягонагӣ, ҳифзи марзу бум ва якпорчагии кишвари азизамон имрӯзҳо содиқонаву софдилона хизмат намуда истодаанд. Маҳз бо хизматҳои шабонарӯзии ин родмардони кишвар сулҳу субот дар кишвар пойдор буда, сокинон дар фазои орому осуда ва амну осоиштагӣ зиндагӣ ва кору фаъолият доранд. Таъкид гардид, ки то рафт бад гардидани авзои печидаи ҷаҳон ва доман паҳн намудани хатарҳои фаромилӣ, аз қабилӣ экстремизм ва терроризм, муомилоти қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои ба ҳаёти инсон хавфнок аз ҳар яки мо ҳушёриву зиракии сиёсиро тақозо менммояд. Дар робита ба дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафу ниятҳои созандаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои ободонӣ ва дар ин замина дар сатҳи баланди сиёсӣ истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон моро зарур аст аз ҳар вақта дида кӯшиш ва заҳмат кашем. Сипас, зимни вохўри аз ҳолу аҳволи ятимони ин боргоҳи илму маърифат бохабар гардида, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ба масъулин дастуру супоришҳо доданд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод