30.06.2025 / ИҶЛОСИЯИ ДУЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ НУРОБОД, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ БАРГУЗОР ГАРДИД. 30.06.2025

Имрӣз дар ноҳияи Нуробод иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод, даъвати ҳафтум, таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен доир гардид.
Дар кори иҷлосия раиси ноҳияи Нуробод, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ ва имомхатибон иштирок доштанд.
Пас аз интихоби котибот ва регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он 5 масъала, аз ҷумла, ҳисоботи муовини раиси ноҳия оид ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат бахшидани тадбирҳои созандагиву ободонӣ дар ҳудуди ноҳия, ҳисоботи бахши дин ва танзими ҷашну маросими назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод оид ба рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар ноҳия, ҳисоботи муовини якуми раиси ноҳияи оид ба рафти амалишавии Барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастовардҳо ва мушкилоти соҳа, пешниҳоди мушаххас бобати рушди таълиму тарбия ва беҳдошти кори мактабу маориф, «Дар бораи тасдиқи Низомномаи комиссияи доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар ноҳияи Нуробод» ва «Дар бораи тасдиқ намудани қарорҳои раиси ноҳияи Нуробод» ворид карда шуд.
Аз рӯи масъалаи якуми иҷлосия вакилони халқ масъалаи иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат бахшидани тадбирҳои созандагиву ободониро дар ҳудуди ноҳия баррасӣ намуда, ҳисоботи муовини раиси ноҳияи Нуробод Раҳмонзода Зоир Валӣ шунида шуд.
Раиси ноҳия Фатҳуддин Солеҳзода дастуру супоришҳо доданд, ки ҷиҳати вусъат бахшидани корҳо дар иншооти банақшагирифташуда, муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, роҳу пулҳо, меҳмонхонаҳо ва дигар корхонаҳои савдову хизматрасонӣ, истифодаи масолеҳи хушсифат ва бо риояи талаботи меъмориву шаҳрсозӣ, амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ, масъулини соҳа тадбирҳо андешанд.
Ҳамзамон, вобаста ба таҷлили Ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якум, муовинони раис, ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияро вазифадор карданд, ки мунтазам дар тамоми деҳаву маҳалла, корхонаву муассисаҳои давлативу ҷамъиятӣ шанбегиҳо ташкил намуда, ҷиҳати таъмини тозагиву ободӣ, сарсабзиву хуррамӣ, тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва сари вақт ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ чораҳои мушаххасу амалӣ андешида, ҷашни бузурги миллӣ, 35-солагии Истиқлолияти давлатиро бо корҳои азими созандагиву бунёдкорӣ, нерӣи тоза ва азму иродаи қавӣ баҳри пешрафт ва ободии имрӣзу фардо истиқбол мегиранд.
Дар идома вакилони халқ масъалаи рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар ноҳияро мавриди баррасӣ қарор дода, мудири бахши дин ва танзими ҷашну маросими ноҳия Қурбоналӣ Сафиев оид ба рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар ноҳия ҳисобот дод.
Раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода дастур доданд, ки татбиқи самараноки рафти иҷрои қонунҳо барои таҳкими ахлоқи ҷамъиятӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ миёни аҳолӣ, хусусан занон ва ҷавонон, дар самти маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги миллӣ бояд ҷоннок гардида дигар сохторҳои марбутаи ноҳия дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корҳои фаҳмондадиҳию назоратиро мунтазам ба роҳ монанд.
Дар иҷлосия ҳисоботи муовини якуми раиси ноҳия Зафар Ҳисориён оид ба рафти амалишавии Барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастовардҳова мушкилоти соҳа, пешниҳоди мушаххас бобати рушди таълиму тарбия ва беҳдошти кори мактабу маориф шунида шуд.
Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод ба масъулини соҳа дастур доданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои соҳа аз ҷумла, таъмин намудани мутахассисони ҷавон дар муассисаҳои таълимӣ, иштироки фаъолонаи хонандагон дар олимпиадаву озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, сохта ва ба истифода додани муассисаҳои нави таълимӣ ва томактабӣ, ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимӣ, иҷрои барномаҳои давлатии соҳа тадбирҳо андешанд.
Аз руи масъалаи чоруми иҷлосия вакилони халқ қарори маҷлиси вакилони халқи ноҳияро «Дар бораи тасдиқи Низомномаи комиссияи доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар ноҳияи Нуробод» барассӣ намуда, Низомномаи мазкурро дар ноҳия тасдиқ карданд.
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод, даъвати ҳафтум як қатор қарорҳои қабулнамудаи раиси ноҳияи Нурободро дар робита ба масъалаҳои кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими ноҳия баррасӣ ва тасдиқ кард.
Бо ҳамин иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод, даъвати ҳафтум кори худро анҷом дод.