24.06.2025 / БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ НУРОБОД

23 июни соли 2025 дар толори хурди маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод, ҷаласаи Комиссияи маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод бо роҳбарии раиси Комиссия оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, маънавиёту фарҳанг ва иттилоот Назригул Шамсизода, баргузор гардид.
Дар ҷаласа рафти иҷрои Барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастовардҳо ва мушкилоти соҳа, пешниҳоди мушаххас бобати рушди таълиму тарбия, беҳдошти мактабу маориф ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.