Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

05.06.2025 / МАШВАРАТИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД.



       4 июни соли 2025, таҳти раёсати раиси ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен, машварати кории навбатӣ бо иштироки муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои дахлдор, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибон ва дигар шахсони масъул баргузор гардид. Дар оғоз раиси ноҳия вобаста ба татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, иҷрои босамару содиқонаи вазифаҳои хизматиро таъкид намуд. Зимни машварат раванди татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаву консепсия ва стратегияҳои соҳавӣ баррасӣ гардида, барои ислоҳи камбудиҳо дастур дода шуд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои идеология, худшиносии миллӣ, бунёди муассисаҳои томактабӣ, ташкили лагерҳои тобистона, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ, пешгирии ифротгароӣ ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» зоҳир гардид. Ҳамчунин, масъалаҳои истифодаи самараноки нерӯи барқ, тозагии шаҳрак, партовгоҳҳо, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва омодагӣ ба фасли зимистон мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифта, дастурҳои мушаххас ҷиҳати иҷрои масъалаҳои мазкур дода шуданд. Раиси ноҳия Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен дар анҷоми машварат таъкид намуданд, ки масъулин бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан фаъолият намуда, барои иҷрои саривақтии супоришҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва беҳбуди шароити зиндагии сокинон саҳми назаррас гузоранд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод