Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

29.05.2025 / ДАР АРАФАИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ: БОЗДИДИ МАСЪУЛИН АЗ РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШИИ ДЕҲАИ ГАРДАНГАИ ДЕҲОТИ ХУМДОН



       27 майи соли 2025 раиси ноҳияи Нуробод, Фатҳуддин Солеҳзода, ноиби Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон, Сайвалӣ Дониёрзода ва ҳайати меҳмонон дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии футбол аз рафти корҳои сохтмонии майдончаи варзишии деҳаи Гарданга боздид намуданд. Ин майдончаи варзишӣ барои рушди варзиши ҷавонон ва тарғиби саломатӣ дар маҳал аҳамияти бузург дорад. Раиси ноҳия Фатҳуддин Солеҳзода зимни боздид аз майдончаи варзишӣ бо масъулин суҳбат намуда, аз раванди корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ кард ва таъкид дошт, ки корҳои сохтмонӣ бояд босуръат ба анҷом расонида шаванд, то сокинон ва махсусан наврасону ҷавонон имконияти истифодаи он майдончаи навро пайдо кунанд. Ноиби Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон, Сайвалӣ Дониёрзода, низ таъкид дошт, ки таъсиси чунин инфрасохтори варзишӣ барои рушди футбол ва варзиши миллӣ муҳим аст ва ҳамкории мақомоти маҳаллӣ бо Федератсия барои таҳкими пойгоҳҳои варзишӣ дар ноҳияҳо идома хоҳад ёфт. Корҳои сохтмонӣ тибқи нақша бо суръати муқаррарӣ ҷараён доранд ва бо дастгирии Мақомоти ивроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони деҳа ба зудӣ ба итмом мерасанд. Ин майдонча барои гузаронидани мусобиқаҳо ва ташаккули малакаҳои варзишӣ дар байни ҷавонон имконияти хуб фароҳам меорад. Бо ҷашни Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки моҳи майи ҳар сол таҷлил мешавад, ба сокинони ноҳия имкони фароғат ва шуғли судманд дар варзиш фароҳам оварда мешавад.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод