21.05.2025 / БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД

Тӯли ҳафт сол аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор гардида, ба рушди завқи китобхонӣ, густариши ҷаҳонбинии маънавӣ, кашфи чеҳраҳои нави суханвар ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мусоидат менамояд.
Бо ҳамин мақсад, рӯзи 20 майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Нуробод даври ноҳиявии ин озмун баргузор гардид. Дар он хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёни Коллеҷи муҳандисии техникӣ ва инчунин сокинони касбу кори гуногуни ноҳия иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини якуми раиси ноҳияи Нуробод, Ҳисориён Зафар ифтитоҳ бахшида, зикр намуданд, ки шукргузорӣ аз сулҳу субот ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аст, ки имрўз завқи китобхонӣ миёни мардум боло рафта, шумораи иштирокчиёни озмун сол аз сол афзоиш меёбад.
Иштирокчиён аз рӯи номинатсияҳои гуногун маҳорати зеҳнӣ, дониш ва ҳунари хешро ба намоиш гузошта, бо якдигар сабқат намуданд. Озмун дар фазои шаффоф, бо иштироки ҳайати доварони ботаҷриба баргузор гардида, чеҳраҳои беҳтарин ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.