Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

19.05.2025 / ТАЛОШИ ҶАВОНОН БА РУШДИ ВАРЗИШ: СОХТМОНИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ ДАР ДЕҲАИ УЛФАТОБОД



       Санаи 18 майи соли 2025, дар доираи сафари кории худ ба Ҷамоати деҳоти Сафедчашма, раиси ноҳияи Нуробод муҳтарам Фатҳуддин Солеҳзода аз ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ дар толори варзишии деҳаи Улфатобод дидан намуд. Зимни боздид, бо иштироки роҳбарияти ноҳия ва фаъолони маҳаллӣ маросими оғози бунёди деворҳои асосии иншоот баргузор гардид. Толори мазкур бо ташаббуси ҷавонони маҳаллӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод сохта шуда, дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Раиси ноҳия муҳтарам Фатҳуддин Солеҳзода зимни боздид ҷиҳати таъмин намудани сифати баланди корҳои сохтмонӣ, риояи меъёрҳои муҳандисиву меъморӣ ва истифодаи мақсадноки масолеҳи сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Мавсуф изҳор дошт, ки бунёди чунин иншооти варзишӣ барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, таҳкими заминаҳои рушди варзиш ва ташаккули ҷаҳонбинии солими насли наврас аҳамияти хосса дорад. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот тибқи ҷадвали муқарраршуда идома доранд ва интизор меравад, ки он то санаи муҳлати муайяншуда пурра ба истифода дода шавад.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод