Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

19.05.2025 / БАРГУЗОРИИ ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР НОҲИЯИ НУРОБОД



       Субҳи 18 майи соли 2025 дар ноҳияи Нуробод чорабинии оммавии варзишии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007, №225 «Дар бораи Рӯзи Дави миллӣ» баргузор шуда, ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар саросари ҷумҳурӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби аҳолӣ ба варзиш роҳандозӣ мегардад. Дар чорабинӣ роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва инчунин шумораи зиёди наврасону ҷавонон фаъолона ширкат варзиданд. Раиси ноҳияи Нуробод Фатҳуддин Солеҳзода иштирокдоронро бо Рӯзи Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишро яке аз воситаҳои муҳими ташаккули тарзи ҳаёти солим ва таҳкими дӯстӣ миёни сокинон арзёбӣ менамоянд. Тавре қайд гардид, чунин чорабиниҳо дар таҳкими фарҳанги варзишӣ, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва омодасозии ҷавонон барои ширкат дар мусобиқаҳои сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ нақши муҳим доранд. Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар майдони Исмоили Сомонии маркази ноҳия ҷамъбаст гардида, аз ҷониби раиси ноҳия Фатҳуддин Солеҳзода ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Чорабинӣ дар фазои идона ва бо сатҳи баланди ташкилию варзишӣ баргузор гардид.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод