Макомоти Ичроияи Хокимияти Давлатии Нохияи Нуробод

Реҷаи кори: Душанбе-Шанбе аз соати 8:00 то 17:00 | Телефон: 8 (3133) 3-01-02 | Мактуб: info@nurobod.tj

Логотип
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ
ДАВЛАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ

13.05.2025 / ПУЛИ МОШИНГУЗАР ДАР ДЕҲАИ ТЕГИРМӢ — ТАСВИРИ НАВИНИ РАФТУОМАД ВА РУШДИ ДЕҲА! 10.05.2025



       Дар доираи корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар деҳаи Тегирмии Ҷамоати деҳоти Меҳробод, пули нави мошингузар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин пул бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардида, дар беҳтар гардидани пайвастшавии роҳҳо ва осон шудани ҳаракати нақлиёт нақши назаррас дорад. Татбиқи чунин лоиҳаҳо дар доираи сиёсати созандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба рушди инфрасохтор ва беҳдошти шароити зиндагии аҳолӣ равона шудааст, заминаи мусоид барои рушди устувор ба ҳисоб меравад. Бунёди пулҳои мошингузар дар таъмини алоқаи босамари деҳот ва рафтуомади бехатару босуботи аҳолӣ аҳамияти калон дорад. Амалӣ гардидани ин тарҳ барои сокинони деҳа, ки рӯзона аз воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ва боркаш истифода мебаранд, шароити мусоиду амнро фароҳам месозад. Сокинони деҳа изҳори сипос ва миннатдории самимии худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкори ватандӯст барои сохтмони пули мошингузар баён намуданд. Ҳамзамон, дар деҳаи Тегирмии Ҷамоати деҳоти Меҳробод корҳои таъмир ва азнавсозии роҳҳо, бунёди майдончаҳои варзишӣ бо маром идома доранд. Ин тадбирҳо барои беҳбуди шароити зист ва рушди устувор равона гардидаанд.


Макомоти Ичроияи Ҳокимияти Давлатии Нохияи Нуробод